Ссылки доступа

Таҷаммуи ҳомиёни ҳуқуқи Ӯзбекистон бо талаби таҳқиқи марги корманди "UzAutoMotors" (видео)


Пикет перед зданием «UzAutoMotors». Асака, 29 июня 2020 года.
Пикет перед зданием «UzAutoMotors». Асака, 29 июня 2020 года.

Фаъолони Эътилофи ҳомии ҳуқуқи Ӯзбекистон 29 июн бо талаби таҳқиқи марги корманди корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таҷаммуеро баргузор карданд.

А.С., корманди 53-солаи корхонаи "UzAutoMotors" дар натиҷаи кафидани кӯррӯда ва сари вақт дарёфт накардани ёрии тиббӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ҳамкорону наздикони мард, ӯ даҳ рӯз пеш аз фавт ба корфармо аз дарди шикам шикоят карда, хостааст, вайро ҷавоб диҳанд. Вале ба ӯ иҷозат надодаанд, ки маҳалли корро тарк кунад.

Ба иттилои эътилоф, дар таҷаммуи 29 июн дар назди корхонаи мазкур, ки ду соат идома ёфт, ҳудуди 50 кас иштирок доштанд.

Раиси эътилоф Елена Урлаева мегӯяд, кормандони корхонаро маҷбур мекардаанд, ки дар шароити "ғайриинсонӣ" кор кунанд.

"Бо баъзе аз кормандон суҳбат кардам. Онҳоро дар корхона маҳкам карда, 15 шабонарӯз кор мефармудаанд. Бар асоси қонунгузории Ӯзбекистон, корманд дар як рӯз бояд 7 соат кор кунад. Вале кормандони корхона аз 12 то 15 соат кор мекунанд. Дар натиҷа як мард ҷон бохт", - афзуд ӯ.

Талошҳо барои дарёфти назари масъулони ​"UzAutoMotors" дар робита ба ин қазия бенатиҷа буданд. Аз рафти таҷаммуъ видеое низ дар интернет нашр шудааст, ки нишон медиҳад иштирокдорон мегӯянд, раҳбарияти корхона коргаронро ҳамчун маҳбус кор мефармояд.

Правозащитники устроили пикет перед зданием «UzAutoMotors»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:20 0:00

XS
SM
MD
LG