Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 2 июл дар ҷаласаи ҳукумат ҷузъиёти нақшаро шарҳ дод.
Ҳаминтариқ дар Қазоқистон интиқоли заминии мусофирон ба шаҳру навоҳӣ манъ шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо маҳдуд мешавад. Парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бидуни афзоиши шумори кишварҳо идома хоҳанд ёфт.
Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, ин карантин вобаста ба вазъи эпидемиологӣ тамдид ё сахттар карда хоҳад шуд.
Манъи фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳо, бозорҳои пӯшидаи ғизоиву ғайриғизоӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шудааст.
Корхонаҳо муваззаф шудаанд, ки дасти кам барои 80 дарсади кормандони худ фаъолияти фосилавиро ба роҳ монанд.
Шумори расмии умумии мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 42,5 ҳазор расида, 188 кас ҷон бохтаанд.