Ссылки доступа

Сабти шумори рекордии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон


Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова 2 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад.

Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон то имрӯз ба 6261 расида, аз ин миён 2530 кас шифо ёфтанд ва 66 нафар ҷон бохтаанд.

Сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҳамарӯза шумори катҳоро барои қабули беморони мубтало ба коронавирус афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 500 кати иловагӣ барои қабули беморон омода шудааст.

Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки бо дастури сарвазир аз минтақаҳо табибони ихтиёрӣ ба шаҳри Бишкек даъват хоҳанд шуд. Ҳамчунин дастур шудааст, ки маош ва иловапулии табибон сари вақт пардохт шавад.

XS
SM
MD
LG