Ссылки доступа

ВУД Ӯзбекистон шиканҷа шудани маҳбуси ҳалокшударо рад кард


Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон хабари нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки гӯиё Фаррух Хидиров, маҳбуси 45-сола дар зиндони Навоии ин кишвар дар натиҷаи шиканҷа ҷон бохтааст, рад кард.

Фаррух Хидиров, зодаи шаҳри Янгиюли вилояти Тошканд буда, чаҳор бор суд шудааст. Бори охир вайро додгоҳи шаҳрии Янгиюл 18 октябри соли 2018 ҳамчун "ҷинояткори хатарнок" 11 сол зиндонӣ карда буд.

Ба огаҳии вазорат, Хидиров 27 июни соли равон дар маҳбаси № 64/18 бар асари бемории сил даргузаштааст.

Пештар, 13 июн хабар дода шуд, ки Алиҷон Абдукаримови 32-сола дар ҳолати беҳушӣ ва бо нишонаҳои шиканҷа аз идораи пулиси Андиҷон ба бемористон интиқол ёфта, дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохт. Марги ӯ баҳсҳои тундеро дар шабакаҳо ба бор овард.

Дертар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон хабар дод, ки дар робита ба ин қазия зидди се маъмури пулиси Андиҷон парванда боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ҳамчунин 5 каси дигар аз мақом барканор шуда, 19 корманди пулис муҷозот шудаанд.

XS
SM
MD
LG