Ссылки доступа

Мақомоти қирғиз ниқобу либосҳои муҳофизатиро гаронтар аз нархи бозор "харидаанд" (видео)


Пулиси молии Қирғизистон баъди нашри матлаби “ПолитКлиника” дар бораи он ки мақомоти маҳаллӣ аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд, тафтишотро оғоз кард.

Власти Кыргызстана закупали маски и респираторы по завышенным ценам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:51 0:00

Рӯзноманигорони "ПолитКлиника" чандин моҳ сомонаҳои хариди давлатиро омӯхта, соҳибони ширкатҳоеро ҷустуҷӯ кардаанд, ки дар аксари озмунҳои давлатӣ барои харидории таҷҳизот ва лавозимоти муҳофизатӣ аз коронавирус пирӯз шудаанд.

Бо ними ин ширкатҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ бидуни эъломи озмун шартнома бастаанд. Қонунро инро дар ҳолати изтирорӣ иҷозат медиҳад, вале мақомот аз он сӯистифода кардаанд.

Тавре рӯзноманигорон муайян кардаанд, ширкати "Фарватер" ниқобҳои тиббиро бо нархи 400 сом (ҳудуди 5 доллар) дастрас кардааст. Дар ҳоле ки ин ниқобҳоро дар Бишкек метавон бо нархи аз 30 то 150 сом харид. Ниқобҳои якдафъаина 25-сомӣ харидорӣ шуда, дар ҳоле ки дар бозор 10 сом фурӯхта мешавад. Дастгоҳҳои нафаси сунъӣ низ гаронтар аз нархи бозор харидорӣ шудаанд. Як дастгоҳи нафаси сунъиро мақомоти қирғиз 2,5 миллион сом харидаанд. Дар ҳоле ки он дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ 1 миллион сом арзиш дорад.

Муаллифон муайян кардаанд, ки мудир ва муассиси яке аз ширкатҳои пирӯз дар озмунҳои хариди таҷҳизоти тиббӣ Индира Содиқова аст. Номи Содиқова дар миёни муассисони ҳизби "Биримдик" ҳам зикр шудааст. Бино ба иттилои рӯзноманигорон, ин ҳизб як лоиҳаи мақомот барои иштирок дар интихоботи порлумонии тирамоҳи имсол аст. Рӯйхати ҳизб бештари вакилон ва сиёсатмадорони рӯ ба ҳукуматро фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG