Ссылки доступа

Санаи интихоботи порлумонии навбатии Қирғизистон маълум шуд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо имзои як фармон санаи интихоботи порлумонии ин кишварро таъйин кард. Интихоботи порлумонии навбатии Қирғизистон 4 октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Комиссияи марказии интихобот вазифадор шудааст, ки дар доираи қонунгузорӣ ба интихобот омодагӣ бинад ва ҳамчунин ба ҳукумат амр шуда, ки маблағ ҷудо ва риояи қонун, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, амнияти беҳдоштӣ ва ҳифзи саломатии сокинонро таъмин кунад.

"Дар навбати аввал ба саломатии шаҳрвандон аҳамият дода мешавад. Дар робита ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ чора андешида хоҳад шуд. Дар рӯзи раъйдиҳӣ ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад", - гуфт раиси комиссия Нурҷон Шайлдабекова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон бояд то 24 августи соли равон рӯйхати номзадҳои худро пешниҳод кунанд. Раванди қайди ҳизбҳо 3 сентябр ба поён расида, маъракаҳои таблиғотӣ аз 4 сентябр оғоз мешаванд.

XS
SM
MD
LG