Ссылки доступа

Маъмурияти СҶТ оид ба COVID-19 озими Туркманистон шуд


Логотип Всемирной организации здравоохранения
Логотип Всемирной организации здравоохранения

Маъмурияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) оид ба коронавирус ё худ СOVID-19 рӯзи 6 июл озими Туркманистон шуд. Дар ин бора раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо Ханс Клюге дар Твиттер хабар дод.

Пештар аз ин, 5 июл намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои изтирорӣ Катерине Смоллвуд (Catherine Smallwood) дар суҳбат бо сомонаи расмии СММ гуфта буд, ки маъмурияти созмон ба хотири ҳамкорӣ бо мақомоти Туркманистон дар робита ба омодагӣ ва вокуниш ба вируси ҳамагир 6 июл озими шаҳри Ишқобод мешавад.

Ҳайат дар ҷараёни сафари даҳрӯзааш талош мекунад ба хотири арзёбии хатару коркарди механизми вокуниш ба вазъ бо мақомҳои баландпоя ва коршиносони Туркманистон дар умури саломатии аҳолӣ мулоқот карда, аз бемористону озмоишгоҳҳои ин кишвар дар минтақаҳо боздид намояд.

Туркманистон аз зумраи кишварҳои ангуштшуморе мемонад, ки иддао дорад, коронавирус ба он роҳ наёфтааст. Ин иддаои раҳбарияти Туркманистон дар ҳолест, ки шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG