Ссылки доступа

Кумаки башардӯстонаи навбатии Ӯзбекистон ба Қирғизистон


Ӯзбекистон барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон 8 тонна кумаки башардӯстонаи дигар фиристод. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, Ӯзбекистон аз ҷумла, дастгоҳҳои сайёри оксиген фиристодааст.

Ҳукумати Қирғизистон ба ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак миннатдорӣ баён кардааст.

Аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ, ин бори севум аст, ки Ӯзбекистон ба Қирғизистон кумаки башардӯстона мефиристад. Қирғизистон низ дар навбати худ ба Ӯзбекистон кумак кардааст.

Дар Қирғизистон то 6 июли соли равон ҷамъан 7691 кас ба коронавирус мубтало шуда, 92 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG