Дар кодекси нав омадааст:
- эмкунии ихтиёрӣ ва иҷборӣ барои ҳамаи шаҳрвандони Қазоқистон: қонун рафтани кудаконеро ба боғча манъ мекунад, ки эм нашудаанд,
- тартиби гирифтани аъзо ва бофтаҳои донор баъди марг ва манъи берун бурдани онҳо аз Қазоқистон барои шаҳрвандони хориҷӣ,
- маҳдудияти сигорҳои барқӣ дар кишвар,
- ҷавобгарии маъмурӣ барои фурӯши тамоку ба ҷавонони то 21-сола.
Банди кодекс дар бораи эмкунӣ баҳсҳои тундеро дар ҷомеа ба бор оварда буд. Зеро сокинон ба сифати он бовар надоранд. Ҳатто барои манъи воксина ҷамъоварии имзо низ дар интернет оғоз шуда, 166 ҳазор одам зери он имзо гузоштанд. Вале Вазоранти тандурустии Қазоқистон гуфт, эм накардани кудак ҳаққи ӯро ба ҳифзи саломатӣ поймол мекунад.
Тоқаев тағйирот ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмуриро ҳам имзо кард, ки ҷарима барои иҷро накардани маҳдудиятҳо дар ҳолатҳои изтирориро 10 баробар бештар мекунад.
Ҳамакнун барои нақзи низоми вазъи изтирорӣ ба маблағи 682 доллар ҷарима ё то 15 рӯз ҳабс карда мешавад. Дар сурати такрорӣ қонуншиканӣ ҷарима якбаробар бештар хоҳад шуд.