Ссылки доступа

Чин ва Муғулистон рӯ задани ваборо дар ин кишварҳо тасдиқ карданд


Мақомоти Чин гирифтори вабо шудани боз як нафарро дар вилояти мухтори Муғулистони Дохилӣ, ки ҳаммарз бо Русия ва Ҷумҳурии Муғулистон аст, тасдиқ карданд.

Ҳафтаи гузашта ду ҳолати гирифторӣ ба вабо дар Ҷумҳурии Муғулистон ҳам сабт шудааст. Дар Чин феълан аз як бемор хабар дода мешавад, ки сокини шаҳри Баёнур буда, ҳоло ба иттилои расонаҳо Чинӣ дар бемористон аст. Вазъи ӯ муътадил унвон мешавад.

Хабари вабо сабаб шуд, ки шикори ҷонварони ваҳшӣ ва хӯрдани онҳо дар саросари Муғулистони Дохилӣ манъ гашт. Хуруҷи вабо дар ин кишвар аз ҳафтаи гузашта сар шудааст. Вазорати тандурустии он рӯзи 30-юми июн аз як бемории шубҳанок дар ғарби кишвар хабар дод. Ба гуфтаи пизишкон, ду бародар аз ноҳияи Ховд, 30- километрии ҷумҳурии Олтойи Русия гушти суғури ваҳшӣ истеъмол карда, яке аз онҳо дар ҳолати вазнин ва дигарӣ нисбатан сабук бистарӣ шуданд. Ҳамаи наздикони ин ду бемор аз дигарон ҷудо карда шуда, дар тамоми ноҳия карантин ҷорӣ гашт. Мақомоти маҳаллӣ шикори суғурро манъ карда, дастур доданд, ки дар сурати пайдо шудани ин ҷонвар, аз ҳудуди шаҳр ронда шавад.

Рӯзи 6-уми июл аз ноҳияи Баёнур, ки ҳаммарз бо Русия аст, аз як мавриди эҳтимолии гирифторӣ ба вабои суғур хабар доданд. Навраси 15-сола, пас аз он, ки суғур сагашро газид, бо табларзаи шадид дар беморхона бистарӣ карда шуд.

Ба иттилои намояндагони Вазорати тандурустии Муғулистон, вабое, ки дар ноҳияи Ховд мушоҳида шуда, ба шуш таъсир кардааст, ба бемории коронавирус сахт монанд аст. Вале намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Улан-Батор, пойтахти Муғулистон, дар сӯҳбат бо ВВС, гуфтааст, муғулҳо гушти хом ва гурдаи суғурро чун як василаи табобат ва тандурустӣ истифода мебаранд. Бинобарин бо вуҷуди манъ шудани хӯрдани суғур дар Муғулистон шикори он идома дорад.

Вабои бубонӣ бемориест, ки зери пӯсти бемор ба далели илтиҳоби гиреҳҳои лимфавӣ варамҳо пайдо мешаванд. Илтиҳоби гиреҳҳои лимфа боиси якбора то ба 40 дараҷа расидани ҳарорати бадан ва табларзаи шадиду заҳролудшавӣ мегардад. Яке аз пайомадҳояш - вабои шуш аст, ки ба пневмония ё илтиҳоби шуш монандӣ дорад. Айнан мисли беморие, ки дар Ховда мушоҳида шудааст. Ин навъи вабо бо роҳи нафас ва ҳаво ҳам мегузарад.

То пайдо шудани антибиотикҳо ин вабо табобатнашаванда будааст. Ягона коре ки пизишкон мекарданд, ҷарроҳӣ ё буридани гиреҳҳои лимфавӣ буд, ки дар аксар ҳолат ба марги бемор анҷом меёфт. Аз соли 1940 кишварҳо барои табобати вабо антибиотик истифода мекунанд.

Виктор Малеев, мушовири раҳбари Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи Роспотребнадзори Русия бар ин бовар аст, ки эҳтимоли сироятёбӣ ба ин вабо дар Русия ҳам вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи ӯ хатари паҳншавии он дар ин кишвар зиёд нест.

"Ваксина ҳаст, одамон метавонанд, эм кунанд, кормандони хадамоти зиддивабо худ ва сокинони бархе аз ноҳияҳоро барои пешгирӣ аз вабо ваксина мекунанд. Аз сӯйи дигар, доруи зидди вабо ҳам вуҷуд дорад. Пизишкон медонанд, ки бо вабо чӣ гуна кор кунанд. Ин ягон вируси нав нест."

Таҷрибаи даҳсолаҳои ахир нишон медиҳад, ки дар воқеъ пизишкон дар кишварҳои мухталиф метавонанд бо ин вабо мубориза баранд. Ба иттилои СҶТ ҳамасола беш аз ду ҳазор нафар гирифтори вабо мешаванд.

Охирин бор соли 2017 дар Мадагаскар авҷи вабо мушоҳида шудааст, ки 300 нафарро мубтало кардааст. Моҳи майи соли 2019 ҳам дар Муғулистон бар асари хуруҷи ин беморӣ 2 нафар аз як оила фавтиданд. Пизишкон мегӯянд, онҳо ҳам дар пайи истеъмоли гушти хом ва ҷигари суғур гирифтори вабо шуда буданд. Дар Тоҷикистон низ гӯшт ва рӯғани суғур дар тибби мардумӣ бо мақсади табобати бархе аз бемориҳо истифода мешаванд.

Макони аслии вабо Конго ва Мадагаскар аст, аммо гуфта мешавад, дар кишварҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла кишварҳое чун Амрико ҳам ҳамасола даҳҳо ҳолати гирифторӣ ба ин вабо сабт мешавад. Соли 2015 дар Колорадои Амрико, ду нафар аз вабо фавтиданд. Дар Русия паҳншавии вабо аз соли 1950 ба ин сӯ камтар мушоҳида шудааст. Бино бар омори расмӣ соли 2019 дар ин ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба вабо сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG