Ссылки доступа

Амрико расман аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хориҷ шуд


Ҳукумати Амрико расман ба Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст, ки аз 7-уми июл барои як сол аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хориҷ мешавад. Амрико бузургтарин пуштибони молии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ буда, ҳудуди 15 дарсади буҷаи созмонро таъмин мекунад.

Аз замони оғози паҳншавии коронавирус Доналд Трамп, президенти Амрико борҳо аз СҶТ интиқод намуда, онро таҳти "истило"-и Чин хонда буд. Дабири кулли СММ қаблан аз ин созмон ҳимоят намуда, нақши он дар муқобила бо пандемияи фарогири COVID-19-ро "муҳим" хонда буд.

Амрико рӯзи сешанбеи 7 июл ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ хабар додааст, ки дақиқан барои як сол аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун мешавад.

Трамп дар нимаи моҳи апрел эълон карда буд, ки бинобар "кутоҳӣ"-и созмон дар мубориза бо коронавирус, ёрии молии Амрикоро ба он қатъ мекунад. Вашингтон айни замон Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро ба "ҳамсӯ будан бо Чин" муттаҳам кардааст.

Як моҳ баъд Трамп гуфт, шояд бахше аз буҷаи СҶТ-ро таъмин кунад. Аммо ду ҳафта баъд эълон кард, ки робитаи кишвараш бо ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳидро қатъ мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, "бо вуҷуди ин ки Чин солона 40 миллион доллар ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мадад мекунад, дар муқоиса бо Амрико, ки солона 450 миллион доллар кумак мекунад, СҶТ ба таври комил таҳти назорати Чин аст. Мо ҷузъиётро барои ислоҳоте, ки бояд анҷом шавад, пешниҳод кардем. Аммо дар ин замина чорае андешида нашуд".

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ иттиҳоми "ҳамсӯӣ"-и худро бо Чин рад кардааст. Мудири созмон дар Аврупо низ гуфта буд, "мо ҳанӯз дар марҳилаи мушкили як бемории ҳамагир ба сар мебарем ва аз ин рӯ вақти муносибе барои коҳиши кумакҳои молӣ нест".

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ низ дар ҷараёни суханронӣ барои кормандони ин ниҳод гуфта буд, паҳншавии коронавирус "яке аз хатарноктарин чолишҳое аст, ки ҷаҳон дар тӯли зиндагии мо ба он даст ба гиребон шудааст" ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар мубориза бо он "нақши комилан муҳим" дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд, ки наздик ба се миллион тани онҳо дар Амрико мебошанд. Дар ин кишвар то кунун бар асари ин беморӣ беш аз 130 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Шумораи умумии қурбониёни ин беморӣ дар саросари ҷаҳон ба 530 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG