Ба гуфтаи вай, бештари дармондагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.
Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки дар гузаргоҳи "Жибек Жолӣ"-и байни Қазоқистон бо Ӯзбекистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки дар Қазоқистон кор мекарданд ва қасди ба хонаҳояшон баргаштанро доранд. Ӯзбекистон ба далели нокофӣ будани марказҳои карантиниаш иҷозат намедиҳад, ки ҷамъшудаҳо аз марз гузаранд.
Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон, ҳафтаи гузашта ҷониби Ӯзбекистон ба 200-300 кас иҷозаи убур дод. Муовини раиси вилоят афзуд, рӯзе як маротиба эҳсонкорон ва афроди хайрхоҳ ба дармондагон ғизову об мерасонанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксу навори ҷамъшудаҳо нашр гардид, ки чи гуна рӯи замин хоб мераванд.
Ӯзбекистон сар аз охири моҳи март ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баст. Ин кишвар ба сокинони ҳамсоякишварҳояш иҷозаи убури марзро намедиҳад.