Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, барои гирифторони коронавирус дар беморхонаҳо ҷой намондааст


Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, беморхонаҳои ин кишвар аз гирифторони коронавирус пур шудааст.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти он кишвар гуфта буданд, ки 16 ҳазор катро барои гирифторони вируси корона таҳия кардаанд ва ҳамзамон ваъда дода буданд, ки як беморхонаи дорои 10 ҳазор кат барои ин беморон месозанд.

Дар Ӯзбекистон чанд гоҳи охир ҳамарӯза 300-350 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Ҳабибуллоҳ Оқилов, намояндаи ситоди муқобила бо COVID-19-и Ӯзбекистон гуфт, дар сурати рӯзона то 1000 ҳолати гирифторӣ сабт шудан, низоми тандурустии кишвар "комилан фурӯ мерезад".

Ба гуфтаи Оқилов, сарфи назар аз он ки дастур шуд, қисме аз беморон дар хона табобат гиранд, дар беморхонаҳо дигар ҷойе барои мубталоёни коронавирус боқӣ намондааст.

Оқилов дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба далели афзоиши шумори ташхисҳо озмоишгоҳҳо дар ташхиси тест ё санҷишҳо таъхир мекунанд.

Бино бар ин, мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки карантини сахтро дубора ҷорӣ кунанд. Дар Ӯзбекистон аз 10 июл то 1 август тадбирҳои сахти карантин барқарор мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар Ӯзбекистон бештар аз 10 ҳазору 800 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва 42 ҳолати марг аз ин вабо сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG