Ссылки доступа

Саидабдулазиз Юсупов, рӯзноманигори ӯзбекистонӣ аз зиндон озод шуд


Мақомоти Ӯзбекистон рӯзи 8 июл рӯзноманигори 38-сола, роҳбари пешини Бунёди ҳимоят аз нашрияҳо ва хабаргузориҳои мустақил Саидабдулазиз Юсуповро аз зиндон озод карданд.

Вай аз моҳи майи соли 2019 ба ин тараф дар боздоштгоҳи Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешуд.

Юсупов бо айбҳои "Ғорат тавассути азхудсозӣ ва ё исрофкорӣ", "Қаллобӣ", "Порадиҳӣ" ва "Ҳамдастӣ дар ҷиноят" 6 сол зиндонӣ шуда буд.

Арслан Шоймардонов, вакили мудофеи рӯзноманигор озодии ӯро тасдиқ кард.

"Ӯро баъди барқарории зарари расонида озод карданд. Вазъи сиҳатиаш хуб аст. Ҳама чиз дар доираи қонун анҷом шуд", - гуфт вакили дифоъ.

Ҳамсар ва модари Юсупов гуфта буданд, ки рӯзноманигор дар боздоштгоҳ шиканҷа шуда, зери фишор қарор гирифтааст. Юсупов дар як муроҷиати видеоӣ, ки 12 майи соли 2019 нашр шуда буд, гуфт, парвандаи ҷиноии вай ба фаъолиятҳои рӯзноманигориаш рабт дорад.

XS
SM
MD
LG