Ссылки доступа

Ҷаримаи Amazon барои расонидани фармоиш ба Қрим


Вазорати молияи ИМА ширкати Amazon-ро барои вайрон кардани таҳримҳои марбут ба Қрими аз сӯи Русия ишғолшуда, Эрон ва Сурия ҷарима кард.

Ширкат дар ҳаҷми 134,5 ҳазор доллар ҷарима шудааст.

Вазорати молияи ИМА хабар медиҳад, ки аз моҳи ноябри соли 2011 то октябри соли 2018 корбароне, ки дар Қрим, Сурия ва Эрон ҳузур доштаанд, фармоиш ва ё тиҷорати худро тавассути сомонаҳои Amazon ба роҳ мондаанд.

Мақомоти ИМА мегӯянд, ширкати Amazon суроғаҳои муштариҳоро насанҷида ва барои онҳо хизмат расонидааст.

Amazon ин айбҳоро эътироф ва ба пардохти ҷарима розӣ шудааст.

Соли 2014 таҳримҳое қуваи қонунӣ пайдо карданд, ки дар асоси онҳо вазорати молияи ИМА доду ситадро бо афрод ва ширкатҳое маҳдуд кард, ки дар Қрими ишғолӣ фаъолият мекунанд.

Русия Қримро дар баҳори соли 2014 ишғол кард. Киев ва кишваҳои Ғарб инро ҳамчун поймолсозии ҳуқуқи байналхалқӣ баҳо доданд ва нисбати Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Таҳримро то ин замон борҳо тамдид шуданд.

XS
SM
MD
LG