Ссылки доступа

Дар ним соли гузашта 7 навраси хатлонӣ ғарқ шудаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: паҳншавии коронавирус. Қазоқистон аз нигоҳи паҳн шудани коронавирус дар миёни кишварҳои ҷаҳон пешгом аст. Мақомоти Қирғизистон ба иллати коронавирус равуо миёни минтақаҳоро манъ карданианд. Президенти Тоҷикистон қонуни паҳн кардани иттилои дуруғ дар бораи коронавирусро имзо кард. (видео)

- Баъд аз марги сардухтур таваллудхонаи вилояти Суғдро карантин карданд (видео)

- Дар ним соли гузашта 7 навраси хатлонӣ ғарқ шудаанд (видео)

- Нигаронӣ аз талошҳои бесарусомони бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон (видео)

- Ҳамкорони собиқи Иван Сафронов бовар надоранд, ки ӯ хоин аст (видео)

- Ҳашари мардуми Ашт барои таъмири роҳ. Дар шимоли Тоҷикистон сокинони ноҳияи Ашт мехоҳанд як қисмати роҳи валангори мошингардро аз ҳисоби худ мумфарш кунанд. Барои тармими роҳ, ки чанд километрро дар бар мегирад, миллионҳо сомонӣ зарур аст (видео)

- Аз таҳсил баргашт ва кордиҳандаро водор кард, ӯро ба мақомаш барқарор кунад (видео)

- Ҷонибдорон ва мухолифони ҷарима барои "бениқобӣ" чӣ мегӯянд? Тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл баъд аз чоп дар "Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумат, ба иҷро даромад. Бино ба он барои надоштани ниқоби тиббӣ вз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мекунанд (видео)

- COVID дар Осиёи Марказӣ: Иштибоҳи мақомоту мусибати мардум. (видео)

- Эътирози инфиродӣ дар зодрӯзи Нурсултон Назарбоев. (видео)

- Сафир мегӯяд, танҳо бо парвозҳои чартерӣ намешавад ҳамаи муҳоҷиронро ба ватан интиқол дод (видео)

- Путин: "Русия ба нерӯи кории муҳоҷирон ниёз дорад" (видео)

- Ниқоби тилоӣ бар зидди коронавирус. Як марди ҳиндӣ бовар дорад, ки ниқоби тилоӣ ӯро аз коронавирус наҷот медиҳад. (видео)

- ​Манзили зист муҳим аст ё майдончаи кӯдакон? Ин суол барои сокинони шаҳри Бохтар аҳамияти бузург касб кардааст. (видео)

- Роҳи мошингардро кӣ аз худ кардааст? Баҳси сокинони як кӯча дар Душанбе. Дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе бастани роҳи мошингузар мояи баҳси ҳамсояҳо шудааст. Чанде аз онҳо шикоят мекунанд, ки як хонавода бинои хобгоҳро хусусӣ карда, барои рафтуои дигарон роҳ нагузоштааст. Вале тарафи дигар мегӯяд, аз доираи қонун берун нарафтааст ва барои истифодаи замин ҳақ дорад. (видео)

- Дар Қирғизистон шумори мубталоён ба коронавирус якбора афзоиш ёфт. Мақомот омода набудаанд. (видеои Настоящее время)

- Пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи сахт зад. (видео аз Директ)

- Осиёи Марказӣ ба карантин бармегардад. (видео аз Директ)

- Садҳо тоҷикистонӣ дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд (нигористон)​

- Осиё: коронавирус дар Қирғизистон. Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш 33 нафар ҷон бохт. Президенти Русия фармони тағйирот ба Конститутсияро имзо кард. Занони афғон ба поён расидани гуфтугӯҳои сулҳи ҳукумат бо Толибонро мунтазиранд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG