Ссылки доступа

Сафорат сабти номи мусофиронро қатъ кард. Навбатпоӣ идома дорад


Сафорати Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии мусофиронро барои парвозҳои чартерӣ қатъ кард. То ба ҳол, беш аз 8 ҳазор нафар барои бозгаштан ба Тоҷикистон дархост додаанд, аммо ба гуфтаи сафорат, парвозҳои чартерӣ барои бурдани мусофирон кофӣ нест.

Бо ин вуҷуди изҳороти сафорат дар бораи қатъи барӯйхатгирӣ навбатпоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои он дар Маскав идома дорад. Дар чандин наворе, ки корбарон рӯзи 8-уми июл фиристоданд, дида мешавад, ки зане бо тифли навзод, ҷавоне бо асобағал мехоҳанд, ба Тоҷикистон парвоз кунанд ва зани миёнсоле ҳангоми навбатпоӣ аз ҳуш рафта, афтодааст. Дар навори дигар намояндаи сафорат ба воситаи баландгӯ ба ҷамъомадагон муроҷиат мекунад, ки руйхат аз ҳамаи меъёрҳо бештар аст ва муҳоҷирон талаб мекунанд, ки бо қатор ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Таҷаммуи одамонро, ки бино бар видеоҳои расида наздик ба 150 нафаранд, пулиси Русия назорат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар саҳифаи расмиаш дар "Faceboоk" эълон кард, ки дигар мусофиронро ба рӯйхат намегирад, чун парвозҳои чартерӣ барои бурдани ҳама хоҳишмандон кифоя нест. Масъулин аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки дигар дар назди сафорат ҷамъ нашаванд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, хоҳишмандони сафар хеле зиёданд, аммо дар парвозҳои чартерӣ ба ҳам ҷой намерасад.

Ӯ гуфт, "бинобар ин мо дар саҳифаи расмии сафорат дар Фейсбук навиштем, ки шумори муроҷиаткардагон хеле зиёд аст, дигар ариза қабул намекунем, аввал дар рӯйхатбудаҳоро бояд баргардонем. Ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ. Барои ҳамин минбаъд мардум набояд дар назди сафорат ҷамъ оянд. Мо теъдоди аризаҳое, ки гирифтем, ҳамонро бояд коркард кунем. Онҳое, ки назди сафорат меоянд, на ниқоб доранд ва на фосилагирии ҷисмониро риоя мекунанд. Ман хавф дорам, ки аз ин ҷамъомаданҳо дигарон ба ин беморӣ сироят ёбанд. Чунин хатар вуҷуд дорад. Агар кормандони сафорат бемор шаванд, мо дигар мардумро қабул карда наметавонем".

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон аз шумори онҳое, ки худро дар сафорат ба қайд гирифтаанд, мегӯянд, беш аз аз ду ҳафта интизорӣ мекашанд, аммо ҳеҷ не ки ба парвози деринтизор роҳ ёбанд.

Сатторӣ афзуд, сафорат танҳо ба тартиб додани рӯйхати ниёзмандон барои парвоз ба Тоҷикистон машғул аст ва ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" бевосита худ дар хазинаҳояшон дар фурудгоҳ чипта мефурӯшанд.

Сафир мегӯяд, пандемияи короновирус вазъияти фавқулодаеро ба вуҷуд овард, ки касе наметавонист, пешбинӣ кунад ва аз шаҳрвандон даъват кард, то мӯътадил шудани вазъият сабр кунанд.

Бинобар ҷадвали нашркардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, то поёни моҳи июл 10 парвози чартерии дигар умдатан ба шаҳри Маскав ва Санкт-Петурбург ва якпарвозӣ ба Екатеринбург, Новосибирск ва Краснодар анҷом мешавад.

"Росавиатсия" -- идораи нақлиёти ҳавоии Русия бо ирсоли як барқия ба фурудгоҳои Русия хабар додааст то поёни моҳи июл парвозҳои байналмилалӣ аз қаламрави Русия манъ аст.

Дар Русия ба гуфтаи мақомоти ин кишвар беш аз 1 миллион ва ба иттилои мақомоти тоҷик наздик ба 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG