Ссылки доступа

Сардхонаи шаҳри Алмато мурдаҳоро намегунҷонад (видео)


Пушти дари сардхона ё мурдахонаи шаҳри Алматои Қазоқистон чанд рӯзи охир навбатпойии сокинон мушоҳида мешавад. Одамон соатҳо мунтазир мешаванд, ки мурдаи наздиконашонро дарёфт кунанд. Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон теъдоди маргу мир аз коронавирус ва илтиҳоб меафзояд.

Морг Алматы не справляется с нагрузкой
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:40 0:00

Наворҳое, ки аз пушти дари сардхонаи шаҳри Алмато сабт шудаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёде пайдо мекунанд. Аммо мақомоти шаҳри Алматои Қазоқистон навбатпоии сокинонро барои ҷасади пайвандонашон рад мекунанд.

"Ҳангома ба хотири он ташкил мешавад, ки баъзан аз ду то даҳ тан барои як ҷасад меоянд. Ҷасади фавтидагон давоми 12 соат ба пайвандонашон дода мешавад", - гуфтанд дар Раёсати тандурустии шаҳри Алмато.

Дар ҳамин ҳол, дар оромгоҳҳо низ қабрканӣ афзоиш ёфтааст. Масъулони қабристонҳо ҳам гуфтанд, барои кандани қабр фурсат намеёбанд.

"Агар пештар дар рӯз 2-3 касро ба хок месупоридем, ҳоло дар рӯз 7-8 касро мегӯронем. Қабркан намерасад. Аз ин фурсат истифода бурда, қабрканон хадамоти худро боло бурдаанд", - гуфт як масъули қабристонҳои шаҳир Алмато.

XS
SM
MD
LG