Айни замон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вабо миёни сохтмончиёни дигар чораҷӯӣ мешавад.
Дар Ӯзбекистон фаъолияти корхонаҳо ва ширкатҳои бузург дар давраи вабои коронавирус манъ нашудааст.
Коргарони чанде аз корхонаҳо гуфтанд, ки аз замон шуруъи густариши коронавирус онҳоро ба хонаҳояшон рухсат надода, дар дохили коргоҳ нигаҳ медоранд.
Коргарон шикоят доранд, ки бар хилофи талаби мақомот дар бораи риояи фосилаи иҷтимоӣ, корфармоҳо онҳоро ҳамарӯза дар як макон нигаҳ медоранд ва ғизо медиҳанд.