Ссылки доступа

Дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 кас аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз оғози пандемияи коронавирус, дар зиндонҳои кишвар даҳҳо нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш ё пневмония шудаанд ва беш аз 10 тан бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Илтиҳоби шуш ба бемории COVID-19 хеле монандӣ дорад.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия рӯзи 13-уми июл гуфт, мавҷудияти бемории COVID-19-ро дар зиндонҳо тасдиқ накард ва гуфт, дар ин давра танҳо 98 маҳбус ба илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Вазири адлия гуфт, 11 маҳбус аз бемори илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Аммо бархе наздикони маҳбусон ба ин гуфтаҳои мақомот дар бораи набудани коронавирус дар зиндонҳо аз оғоз шубҳа доштанд. Аз ҷумла, афроди наздик ба Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола қаблан гуфтанд, ки ӯ аз бемории COVID-19 дар зиндон вафот кардааст. Раҷабов рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтид.

Мақомот сабаби марги ӯро ҳам илтиҳоби шуш ё пневмония гуфта буданд.

Иттилоъ дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар шароити коронавирус асосан аз суҳбатҳои мақомот ва тамосҳои маҳбусон бо наздиконаш мерасад. Ба ин хотир, дақиқан гуфтани онки дар дохили зиндонҳо дар шароити пандемия чӣ мегузарад, мушкил аст.

XS
SM
MD
LG