Ссылки доступа

Даҳҳо коргари Оҷонси некуаҳволии санитарӣ ва беҳдоштии Узбекистон гирифтори коронавирус шудааст


Даҳҳо тан аз коргарони Оҷонси некуаҳволии санитариву беҳдоштии вазорати тандурустии Узбекистон бо нишонаҳои гирифторӣ ба COVID-19 бистарӣ шудааст.

"Айни замон дар Оҷонс ҳарчу марҷи воқеӣ ташкил шудааст, дар дастгоҳи иҷроияӣ касе боқӣ намондааст. Ҳама дар бемористон бистарӣ аст", - гуфт як корманди Оҷонс.

Ба гуфтаи ин манбаъ, шумори гирифторон ҳамарӯза меафзояд.

Мақомоти беҳдоштии Узбекистон гирифторони Оҷонси некуаҳволии санитариву беҳдоштиро ба коронавирус тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG