Ссылки доступа

Дар Қазоқистон карантин то 2 август тамдид шуд


Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин эълом кард, карантини такрорӣ, ки ба далели авҷ гирифтани паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудааст, то 2 август идома мекунад.

Мамин дар ҷаласаи рӯзи 14 июл хабар дод, ҳукумати кишвараш ба сокинони ниёзманд кӯмаки якдафъаина дар ҳаҷми 100-долларӣ пардохт мекунад.

Айни замон маълум нест, ки чи теъдод аз шаҳрвандони Қазоқистон ин маблағро дарёфт хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон ба далели якбора авҷ гирифтани шумори гирифторони COVID-19 сар аз 5 июл карантини такрорӣ эълом шуд. Фаъолияти чанде аз ширкатҳои бахши хизматрасонӣ, тиҷорат манъ ва гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ байни ноҳияҳо ва минтақаҳо маҳдуд шуд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар кишвар 61 ҳазору 755 кас ба коронавирус гирифтор ва 375 тан аз ин вабо фавтидааст.

XS
SM
MD
LG