Ссылки доступа

Қирғизистон бо камбуди шадиди дору рӯ ба рӯ шудааст: арзиши он 3-4 баробар боло рафт (видео)


Дар Қирғизистон паҳншавии вабои коронавирус авҷ мегирад, дар ҳоле, ки ин кишвар бо камбуди шадиди дору рӯ ба рӯ аст.

Одамон соатҳо пушти дари дорухонаҳо навбат мепоянд ва барои харидани доруҳои зарурӣ пули ҳангуфте харҷ мекунанд. Қимати дору дар он кишвар 3-4 баробар боло рафтааст. Вазорати тандурустии он кишвар ба сокинон тавсия додааст, ки "ба худтабобатсозӣ машғул нашаванд" ва ба беморхонаҳо дастур додааст, ки барои ним сол дору захира кунанд.

В Кыргызстане дефицит лекарств из-за эпидемии COVID-19: цены выросли в несколько раз
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

Ҷустуҷӯи дору - ҳоло дар Қирғизистон яке аз машҳуртарин саҳифа дар телеграми қирғизӣ аст. Ҳар дақиқа дар ин саҳифа то 100 паём кошта мешавад. Одамон дар маҷмуъ 5-6 навъи доруеро суроғ мекунанд, ки барои табобати илтиҳоб ва коронавирус зарурӣ ҳастанд. Корбарони зиёде аз ҳамдигар хоҳиш мекунанд, ки ҳадди ақал чанд дона ҳаб ба онҳо фурӯхта шавад. Зеро дар дорухонаҳои Қирғизистон пайдо кардани доруҳои мазкур имкон надорад.

"Паратсетамол надорем, кетонал надорем", - бо хастагӣ номбар мекунад фурӯшандаи дорухонае. Сокинон ҳамчунин шикоят мекунанд, ки "тромбас"-у "аспирин" ҳам дар дорухонаҳо ноёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG