Ссылки доступа

Вазорати меҳнати Қазоқистон: қабули дархости кӯмакпулӣ аз 17 июл шуруъ мешавад


Бирҷон Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон гуфт, қабули дархости дарёфти кӯмакпулӣ аз 17 июл шуруъ мешавад.

Ба гуфтаи вазир, кӯмакпулӣ ба шаҳрвадоне пардохт мешавад, ки дар давраи карантини такрорӣ даромадашонро аз даст додаанд.

Нуримбетов афзуд, дархостҳо аз рӯзи ҷумъа ва пардохтҳо аз рӯзи душанбеи 20 июл шуруъ мешаванд.

Ба далели дубора авҷ гирифтани мубталоёни COVID-19 дар Қазоқистон мақомоти он кишвар сар аз 5 июл карантини дубора эълом карданд. Фаъолияти муассисаҳои хидматрасонӣ, тиҷорати чакана манъ шуда, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ байни ноҳияҳо ва минтақаҳои Қазоқистон маҳдуд гардид. Дар ибтидо карантин барои 14 рӯз эълом шуда буд, аммо мақомоти Қазоқистон ду ҳафтаи дигар онро тамдид карданд. Ҳукумати он кишвар ваъда дод, ба касоне, ки дар давраи карантин аз даромад кардан мондаанд, дар ҳаҷми 100 доллари ИМА ҷуброн мепардозад.

Дар Қазоқистон 61 ҳазору 755 кас ба коронавирус мубтало ва 375 тан аз ин вабо фавтидааст.

XS
SM
MD
LG