Ссылки доступа

Туркманистон гардиши қатораҳоро дар дохили кишвар манъ кард


Туркманистон - ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки он ҷо расман коронавирус сабт нагардидааст, гардиши қатораҳои мусофирбарро дар дохили кишвар манъ кард.

Манъи қатораҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки овозаҳои паҳншавии коронавирус дар Туркманистон бештар шудаанд.

Мақомоти роҳи оҳани Туркманистон хабар доданд, қатораҳо аз 16 то 23 июл аз ҳаракат бозмемонанд.

Як рӯз пеш аз ин хабар мақомоти тандурустии Туркманистон аз сокинон даъват карданд, ки дар кӯча ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дар Туркманистон расман ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст, аммо сокинон мегӯянд, бархе аз беморхонаҳо лабрези беморони "илтиҳоби шуш" ҳастанд. Дар ин миён чанде аз беморон, аз ҷумла пизишкон фавтидаанд. Расонаҳо менависанд, ки бархе аз минтақаҳои Туркманистон ба карантин гирифта шуда, чанде аз корхонаҳо ва муассисаҳо аз фаъолият мондаанд.

XS
SM
MD
LG