Ҳамчунин дарсҳо дар коллеҷу донишгоҳҳои Қазоқистон дар соли хониши оянда фосилавӣ оғоз мешаванд. Аммо дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дари боғчаҳо боз мешавад, ё не.
Вазири маорифи Қазоқистон ваъда дод, ки фаъолияти омӯзгорон дар дар соли хониши оянда, ки дарсҳоро фосилавӣ мегузаранд, ба монанди соли пешин мушкил нахоҳад буд. Барои омӯзгорон давраҳои такмили ихтисос ташкил карда мешавад.
"Бори зиёде бар гардани шумо вогузор аст. Бархеҳо бар инанд, ки масъулияти шумо камтар шуд, вале баръакс, он ҳоло дучанд гаштааст. Барои ин коратон миннатдорӣ баён мекунем. Баъд аз рухсатӣ бароятон давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ташкил мекунем ва соли хонишро фосилавӣ оғоз хоҳем кард", - афзуд вазир дар хитоб ба омӯзгорони қазоқ.
Вале ин суханҳои вазири маорифи Қазоқистон волидонро чандон хурсанд накард. Онҳо мегӯянд, дар сурати фосилавӣ гузаштани дарсҳо сифати таълимро бояд фаромӯш кард. Зеро дар аксари оилаҳо чанд мактабхон аст ва онҳо наметавонанд ҳамаи фарзандони худро бо компютер таъмин кунанд.