Ссылки доступа

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Марз бо Қирғизистон аз 21 апрел бастааст


Зариф Назири

Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз бемории COVID-19, пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

Зариф Назирӣ, раиси ин ноҳия рӯзи 15-уми июл гуфт, марзи ду кишвар дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳанӯз 21-уми апрел баста шуда буд ва назорати сарҳад марз тақвият ёфт.

"Аввал байни 17 гузаргоҳи сарҳадӣ нақб кофта, убури нақлиётро номумкин гардонида будем. Сипас посгоҳҳо гузошта шуд. Барои он, ки сокинон ба нуқтаву марказҳои газу бензиндиҳии ҷониби Қирғизистон нагузаранд, бо 250 ҳазор сомонӣ камераҳои назоратӣ харидем ва насб кардем. Ҳоло вазъ пурра таҳти назорат аст" - афзуд ӯ.

Байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд 17 гузаргоҳ мавҷуд аст. Дар қисмати Хистеварзу Арка деҳаҳои ду кишвари ҳамсоя дар ду канори канори роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара ҷойгир мебошанд. Сокинони тоҷику қирғиз қаблан бемамониат ба хоки ҳамдигар рафтуомад мекарданд.

Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи сешанбе ба шаҳри Конибодом рафта ва баргаштааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар қисмати Хистеварз-Арка, воқеъ дар 15 километрии Хуҷанд, хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро кормандони пулис посбонӣ мекунанд.

Мақомот сокинони ҳамдигарро, ки дар канори роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом дар ҳудуди худ боздошт мекунанд, ба муддати 14 рӯз ба карантин мегиранд. "Яке аз наздикони манро, ки дар Конибодом зиндагӣ мекунад, мақомоти қирғиз дар як нуқтаи газдиҳии худ боздошт карда, ду ҳафта ба карантин гирифтанд, баъд озод карданд" - афзуд мусоҳибам.

Ин дар ҳолест, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бинобар авҷ гирифтани бемории ҳамагири COVID-19 дар ин кишвар яке аз минтақаҳои осебпазир дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, ки то кунун 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд ҷойгиранд. Роҳҳои мошингард деҳаҳо ва манзилу иншоотии ду тарафро аз ҳам ҷудо мекунад ва сокинон бо пайроҳаҳо осон ба назди якдигар равуо мекунанд.

Бино ба иттилои Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ғафуров, 234 сокини ин ноҳия аз охири моҳи апрел то кунун ба бемории СOVID-19 гирифтор шуда, 4 нафар фавтидаанд.

Малика Қосимова, роҳбари ин ниҳод рӯзи 15 июл гуфт, дар маҷмӯъ 1531 нафар бемори "илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас" ба табобат фаро гирифта шуданд ва 1438 нафар шифо ёфтанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 9 сокини ноҳия бо нишонаҳои беморӣ таҳти назорат ҳастанд ва вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Хонум Қосимова афзуд, 9 мошин кӯмакҳои ғизоӣ ва дорувориро ба хонаводаҳои ин беморон ва фавтидагон аз бемории COVID-19 расонидаанд. Ҳамчунин, ба оилаҳои 4 фавтида аз беморӣ ёрии пулӣ низ додаанд.

XS
SM
MD
LG