Ссылки доступа

Озарбойҷону Арманистон дар задухурдҳои мусаллаҳонаи нави марзӣ якдигарро айбдор карданд


Мақомоти Арманистон ва Озарбойҷон дар задухурди мусаллаҳонаи ахир дар марзи ду кишвар якдигарро айбдор карданд.

Вазорати дифои Арманистон гуфт, ҳамлаи мусаллаҳонаро нахуст ҷониби Озарбойҷон шуруъ кард, ки "посухи муносиб" гирифт.

"Навбатдорони постгоҳҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон соати 03:40 наздикшавии душманро мушоҳида ва аз вуруди харобкоронаи он пешгирӣ намуданд", - навиштааст сухангӯи Вазорати дифои Арманистон Шушан Степанян дар Фейсбук.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби муқобил баъди ҳамлаи ҷавобии сахт, ки талафоти зиёд дид, ақибнишинӣ кард. "Сипас низомиёни Озарбойҷон деҳаҳои наздимарзии Айгепар ва Мовсесро бо силоҳи Д-30 ҳадаф қарор доданд", - афзудааст ӯ.

Ҷониби Озарбойҷон дар навбати худ гуфтааст, Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон субҳи 16 июл "бори дигари кӯшиш карданд, ба мавзеъҳои сарбозони ин кишвар дар ноҳияи Товуз ҳамла кунад". Ба иттилои хабаргузории озарии "Турон", деҳаҳои назди марзии ин кишвар -- Агдам, Дондар Гушчу ва Вахидлӣ тирборон шудаанд. Вале дар натиҷаи ин ҳамла касе аз сокини осоишта осеб надидааст.

Аз рӯзи 12 июл -- оғози даргирии нав дар марз дар байни ду кишвар, ба камияш 16 нафар аз ду тараф ба ҳалокат расидаанд

Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия рӯзи 13 июл ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват карданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамкорони арманиву озариаш Бокуву Ереванро ба қатъи хушунат даъват кард. Русия бо ҳарду кишвари собиқ шӯравӣ равобити наздик дорад.

Вазорати умури хориҷии Русия зимни изҳори “нигаронии амиқ” аз ҳодиса дар марзи ду кишвар гуфт, ки он “суботи минтақаро таҳти хатар қарор медиҳад”.

Департаменти давлатии ИМА аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки оташбасро ҷорӣ карда, ба хотири ҳалли осоиштаи низои Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтушуниди сулҳро аз сар гиранд.

XS
SM
MD
LG