Дар ин бора муовини сарвазири Қирғизистон Аида Исмоилова 16 июл дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустии Қирғизистон ахиран нусхаи севуми дастурамали миллии клиникӣ оид ба бемории коронавирус ё COVID-19-ро тасдиқ кард.
Аз аввали пайдоиши коронавирус дар Қирғизистон то ба ҳол 167 кас аз COVID-19 ва 612 тан аз илтиҳоби шуш ҷон бохтааст. Табибон бар инанд, ки дар 95 дарсади ҳолатҳо барангезандаи бемории илтиҳоби шуш коронавирус аст.
Вале мақомоти қирғиз ба нашри алоҳидаи омори беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус идома медоданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки баъди фармони мазкури Вазорати тандурустии Қирғизистон омори маргу мир бар асари ҳар ду беморӣ як карда мешавад, ё не.