Ссылки доступа

Даҳ сокини Хуросонро барои эътироз ҷазо додаанд, тақдири 6 тани дигар номаълум аст


Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои бе иҷоза даст ба эътироз задан, ҷазо додаанд.

Додситонӣ гуфт, ин афрод аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабс шудаанд. Аммо тақдири 6 сокини ин ноҳия дар боздошт ҳамчунон норӯшан аст.

Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон баъд аз ду моҳи ҳодиса, зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин эътироз даҳ нафар муҷозот шудаанд.

Раҳимзода, нагуфт, ки тақдири шаш нафаре, ки боздошт ҳастанд, чӣ мешавад. Ӯ танҳо дар бораи даҳ нафаре суҳбат кард, ки ҷазои маъмурӣ гирифта, аз 5 то 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуданд.

"Дар қонун гуфтагӣ аст, ки бидуни иҷоза набояд гиридиҳамоӣ кунанд, онҳо аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабс шудаанд,"-гуфт додситони вилояти Хатлон.

Абдураҳим Раҳимзода ҳамчунин хабарҳо дар бораи онки Саидҷон Сафаров, додситони Хуросон ба хотири эътирози сокинон барканор шудаастро рад кард. Раҳимзода гуфт, додситони Хуросон ба мансаби дигар рафтааст ва барканории ӯ ба эътирози сокинон рабт надорад.

Бо вуҷуди шарҳи Додситони вилояти Хатлон дар бораи муҷозоти 10 сокини Хуросон то ҳол тақдири 6 сокини дигари ин ноҳия дар боздошт норӯшан аст.

Дар оғози моҳи июн Радиои Озодӣ маълум кард, ки нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ чаҳор нафари онҳо дар боздошт буда, ду нафари дигар бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ мебошанд. Пайвандони онҳо аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Гирдиҳамоии сокинон, ки мақомот онро ғайриқонунӣ медонанд рӯзи 17-уми май соли ҷорӣ сар зад. Сокинон баъд аз вайрон шудани манзил ва заминҳояшон аз сел бо нишони эътироз аз бетаваҷҷуҳии мақомот роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд.

Баъд аз ин эътироз мақомот ба сокинони селзада кӯмак карда, барояшон манзили нав бунёд карданд. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, агар дар оғоз масъаларо ҷиддӣ матраҳ намекарданд ва аз бетаваҷҷуҳии мансабдорон эътироз наменамуданд, мумкин буд, бе замину хонаи нав мемонданд.

XS
SM
MD
LG