Ссылки доступа

Озарбойҷон Арманистонро ба маҳви нерӯгоҳи ҳастаияш таҳдид кард


Армянская АЭС
Армянская АЭС

Вазорати дифои Озарбойҷон таҳдид кард, ки нерӯгоҳи барқи ҳастаии Арманистонро ҳадафи мушак қарор хоҳад дод.

Ба иттилои хабаргузории расмии Озарбойҷон, сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар Воқиф Даргяхлӣ ишора кардааст, ки эҳтимоли ҳадафи мушакҳо қарор гирифтани нерӯгоҳи Арманистон вуҷуд дорад.

"Ҷониби Арманистон набояд фаромуш созад, ки низоми навини мушакии қувваҳои мусаллаҳи мо қодир аст, нерӯгоҳи барқи ҳастаии онҳоро маҳв созад, ки барои Арманистон фоҷеа хоҳад буд", - иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони сухангӯи Вазорати дифои Озарбойҷон.

Воқиф Даргяхлӣ ин нуктаро дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи эҳтимоли мавриди ҳадафи мушакҳои Арманистон қарор гирифтани обанбори Мингечаури Озарбойҷон баён намудааст. Дар пайи рахна шудани обанбори мазкур минтақаҳои зиёди Озарбойҷон зери об хоҳанд монд.

Дар марзи Арманистону Озарбойҷон аз 12 июл ба ин сӯ задухурдҳои мусаллаҳона идома дорад. Озарбойҷон дар бораи марги 11 низомии худ иттилоъ дода, ҷониби Арманистон гуфт, чаҳор сарбоз кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG