Ссылки доступа

Помпео гузориши ҳуқуқи раднопазири инсонро муаррифӣ кард


Майк Помпео

Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА Майк Пампео, Русия, Чин, Эрон ва Венесуэла нақзкунандагони асосии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳонанд.

Дар ин бора котиби давлатии ИМА дар Филаделфия, ҳангоми муаррифии гузориши Комиссияи ҳуқуқи раднопазири инсон изҳори назар кард.

Помпео гуфт, ҳуқуқи раднопазир на танҳо дар ҷомеаи Амрико, балки дар сиёсати хориҷии ин кишвар низ бояд нақши калидиро бозад. Ба гуфтаи ӯ, дар бештари маврид Амрико барои онҳое, ки ба хотири ҳуқуқҳояшон мубориза мебаранд, чароғи умед аст. Вай эътирозҳои демократихоҳии Ҳонгконгро намуна овард, ки баъзе аз иштирокчиён парчами Амрикоро дар даст доштанд.

Помпео ҳамзамон иштирокдорони бетартибиҳои ИМА-ро дар ҷараёни иқдоми Black Lives Matter барои таҳқири муҷассамаҳои таърихӣ танқид кард.

Котиби давлатии ИМА ҳамчунин СММ-ро интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои СММ бо дастури худкомаҳо амал карда, ба нақзи ҳуқуқи инсон чашм мепӯшад.

Помпео гуфт, ИМА дар баробари кумак ба кишварҳо омодааст, зидди онҳо барои нақзи ҳуқуқи инсон таҳрим эълом кунад.

Комиссияи ҳуқуқи раднопазири инсон дар ИМА як сол пеш таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи Помпео, он ба Вашингтон кумак мекунад, то нақши ҳуқуқи инсонро дар сиёсати хориҷии Амрико бозбинӣ намояд.

XS
SM
MD
LG