Ссылки доступа

Туркманистон дари масҷиду калисоҳоро муваққатан баст


Дар Туркманистон дари калисо, масҷид ва зиёратгоҳҳоро муваққатан бастанд.

Дар ин бора хабаргузории русии РИА Новостӣ бо истинод ба манбаи худ дар Шӯрои умури дини Туркманистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, "калисо, масҷид ва зиёратгоҳҳо дар доираи чораҳои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус баста шуданд".

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ нагуфтааст, дари онҳо дубора кай боз хоҳад шуд. Вай танҳо афзудааст, ки дар масҷидҳо танҳо ба хотири огаҳ кардани вақти намоз азон дода мешавад.

Мақомоти Туркманистон, ки иддао доранд, то ҳол ягон сокини ин кишвар ба коронавирус мубтало нашудааст, баъди вуруди ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маҳдудиятҳоро сахттар, аз ҷумла ҳаракати қатораву автобусҳои мусофирбарро манъ карданд. Ҳамчунин дари баъзе аз фурӯшгоҳу бозорҳо баста шуд.

Раҳбари ҳайати созмон 15 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ишқобод ба ҳукумати Туркманистон тавсия дод, чораҳоеро биандешад, ки замони мавҷуд будани коронавирус андешида мешаванд.

XS
SM
MD
LG