Ссылки доступа

"Нархи як дору 70 сомонӣ буд, то 600 -700 сомонӣ фурӯхтанд"


Мақомоти интизомӣ дар пайи авҷ гирифтани сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон ба зидди садҳо доруфурӯш ва ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ бо иттиҳоми беасос боло бурдани нарх парвандаҳои маъмуриву ҷиноӣ боз кардаанд.

Вазорати тандурустӣ охири моҳи апрел сирояти бемориро дар кишвар тасдиқ кард ва баъд аз ин нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафт. Арзиши бархе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, чандин баробар афзуд.

Хадамоти зиддиинҳисори Тоҷикистон, ниҳоди танзимкунандаи нархҳо хабар дод, ки дар ин давра қимати бархе аз доруворӣ, аз ҷумла доруҳои зиддивирусӣ то даҳ баробар боло рафт. Абдумаҷид Мӯъминзод, раиси хадамот рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарие дар Душанбе ниҳод гуфт, онҳо барои бесабаб гарон кардани доруҳо, бештар аз 50 доруфурӯширо бештар аз сад ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ӯ афзуд: “Бо назардошти таҳлилҳо ва пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисорӣ маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба феҳристи молҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ аввалиндараҷа, ки нархаш зери танзими давлат қарор мегирад, ворид карда шуд.”

Ин ниҳоди давлатӣ маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи молу маҳсулот дар як моҳ, ҳаққи дахолат ба онро дорад. Аммо худи масъулини хадамот гуфтанд, нархи бархе аз доруворӣ дар ин давра чандин баробар боло рафт. Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарие гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус ба зидди садҳо нафар парвандаҳои маъмуриву ҷиноӣ боз шуд.

Ӯ чунин намуна овард: “Барои мисол нархи як дору 70 сомонӣ буд то 600 -700 сомонӣ фурӯхтанд. Чунин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони мо ошкор карда шуд. Нисбати 478 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 2190 парвандаҳои маъмурӣ ва 130 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд”.

Доруфурӯшон мегӯянд, фақат онҳоро гунаҳкор кардан одилона нест, чун доруворӣ дар он замон дар ҳамаҷо гарон шуд ва дувввум ин ки худи мақомот ба ҳангома роҳ доданд ва сабаб шуданд, ки мардум якбора худро ба дорухонаҳо занад.

Масъули як дорухона дар Душанбе бе зикри номаш гуфт: "Инҷо айби доруфурӯшон нест. Шояд сокинон аз он тарсиданд, ки дар ҳолати эълони сирояти вирус дар Тоҷикистон дари тамоми дорухонаву мағозаҳо баста мешавад ва онҳо пешакӣ ҳамаро хариданд. Аз тарафи дигар вақте мол камёфт шуд, маълум аст, арзиши он гарон мешавад".

Мақомот низ мегуяд дар ин "бесарусомонии нархҳо" сокинон ҳам даст доранд Ба гуфтаи масъулин, бархе аз сокинон ба таҳлука афтода доруҳои нолозимро ҳам хариданд. Дилшод Музаффарзода муовини раиси Хадамоти зиддининҳисорӣ гуфт: “Ҳарчанд нархи доруҳо гарон шуд, аммо ҳеҷ шикояте ба дасти мо нарасид. Мо худамон рейд гузаронидем. Дидем ки мардум худашон бидуни дорухат дору мехаранд ва ҳатто чек (расид) намепурсанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар Тоҷикистон то рӯзи 18-уми июл коронавирус ба 6834 нафар сироят карда ва 57 нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG