Ссылки доступа

Иштироки ҳазорҳо одам дар тазоҳуроти номзади мухолиф ба мақоми президентии Беларус


Митинг в поддержку Светланы Тихановской в Минске, 19 июля 2020 года 
Митинг в поддержку Светланы Тихановской в Минске, 19 июля 2020 года 

Номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская рӯзи якшанбе дар шаҳри Минск нахустин тазоҳуроти таблиғотии худро баргузор кард.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар тазоҳурот аз 4 то 7 ҳазор одам ширкат карданд.

Дар тазоҳурот ҳамроҳи Тихановская намояндагони ситоди номзади сабтиномнашудаи мухолифон Виктор Бабарико ва ҳамсари номзади дигари сабтиномнашуда Валерий Сепкало ҳузур доштанд.

Вероника Сепкало гуфт, беш аз 200 нафар аз кишварҳои гуногун бо шумули Олмон, Чехия ва Украина IT-платформаеро коркард доранд, ки "тақаллубкорӣ ҳангоми ҳисоби овозҳоро камтар хоҳад кард".

Ситодҳои интихоботии номзадҳои мухолифон Тихановская, Сепкало ва Бабарико ҳафтаи гузашта барои гузаронидани маъракаи таблиғотии аввалӣ муттаҳид шуданд. Тихановская гуфт, ба хотири шавҳараш номзадии худро пешниҳод мекунад. Зеро қасди пешбарии номзадиашро ба мақоми президентии Беларус дошт, вале охирҳои моҳи майи имсол боздошт шуд ва ҳоло дар ҳабс аст.

Дар Беларус корзори интихоботи президентии соли 2020 оғоз ёфт. 9-уми август дар ин кишвар президенти нав интихоб хоҳад гашт. Александр Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 идораи кишварро дар даст дорад, мехоҳад, ҳокимияташро идома диҳад.

XS
SM
MD
LG