114 ҳолати фавт дар пойтахти Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Дар вилояти Алмато 19 ҳолати маргро сабт кардаанд.
Бино ба омори расмӣ, шумори фавтидаҳо дар ин кишвар ҷамъан ба 585 расидааст.
Дар Қазоқистон шумори мубталоён ба коронавирус ва ҳолатҳои марг бар асари он баъди бекор кардани карантин дар рӯзи 5 июли соли равон якбора афзоиш ёфт.