Ссылки доступа

Табобат гирифтани вазири тандурустии Қирғизистон дар Олмон рад шуд


Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, раҳбари ин ниҳод Собирҷон Абдикаримов ва муовинаш Нурболот Усенбоев дар беморхонаи сироятии Бишкек табобат мегиранд.

Дар ин бора муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев иттилоъ дод. Ӯ хабари табобат гирифтани вазир ва муовинаш дар як беморхонаи Олмонро рад кард.

Ибтидои моҳи июл хабар дода шуд, ки Собирҷон Абдикармов ва Нурболот Усенбоев ба коронавирус мубтало шудаанд.

Дар Қирғизистон шумории умумии мубталоён ба коронавирус ба 27143 расида, то ҳол 1037 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG