Ссылки доступа

Қирғизистон "бемории вазнин"-и Азимҷон Аскаровро рад кард


Мудири хабаргузории "Фарғона" Даниил Кислов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси якумрӣ Азимҷон Аскаров сахт бемор аст.

"Ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигор, дӯст ва ҳамкори мо Азимҷон Аскаров, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум аст, сахт бемор мебошад ва худро хеле бад ҳис мекунад. Ба гуфтаи манбаи ман, тасфи ӯ 10 рӯз аст, поин намеравад. Нафаскашияш ҳам мушкил шуда, тақрибан аз рахти хобаш намехезад. Ташхиси бемории вай маълум нест ва ҳеч гуна ёрии тиббӣ низ дарёфт накардааст", - навиштааст Кислов.

Ӯ аз ҳомиёни ҳуқуқ даъват кард, ки аз сардори Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон талаб кунанд, ба Аскаров фавран ёрии тиббӣ расонида шавад ва ҳамчунин аз ҳукумати президенти ин кишвар озодии вайро дархост кунанд.

Сухангӯи Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Самад Каликов бо радди ин хабар гуфт, саломатии Аскаров хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳомии ҳуқуқ зери назорати табибон буда, тасфаш баланд нашудааст ва озод нафас мекашад.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG