Ссылки доступа

Туркманистон то 1 август ҷойҳои ҷамъиятиро мебандад


Дар Туркманистон аз 21 июл то 1 август дари театр, боғ, бозор, ширкатҳои хидматрасонӣ, толорҳои варзишӣ ва марказҳои бузурги савдо баста мешаванд.

Ошхонаву тарабхонаҳо танҳо ҳақ доранд, ки ғизоҳои худро ба хонаи муштариён дастрас кунанд. Сокинон дар ҷойҳои таҷаммуи одамон бояд фосилаи думетрии иҷтимоиро риоя кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, маҳдудиятҳои нав танҳо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудаанд. Ҳайати Созмони тандурустии ҷаҳонӣ чанд рӯз пеш дар поёни сафари худ ба Туркманистон андешидани чораҳоеро ба Ишқобод тавсия дод, ки ҳангоми мавҷуд будани коронавирус зарур ҳастанд.

Дар ин кишвар аз 14 июл ҳаракати қатораҳо ва автобусҳои мусофирбар низ манъ шуда, мақомоти тандурустӣ аз сокинон даъват карданд, ки бе ниқоби тиббӣ ба кӯча набароянд.

Бо ин ҳол мақомоти Туркманистон ҳамоно иддао доранд, ки дар ин кишвар ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус қайд нашудааст. Вале сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ доданд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон медиҳад.

Як сокини Ишқобод гуфт, бемористони рақами 1-и пойтахт ҳоло пур аз бемор шуда, вазъ дар онҷо хеле нигаронкунанда аст. "Дар онҷо танҳо мубталоён ба коронавирусро қабул мекунанд. Бемористон "лабрез" шудааст. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ташхиси илтиҳоби шуш гузошта мешавад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама рӯза дар ин бемористон даҳҳо одам ҷон медиҳад. "Дар бахши терапияи интенсивӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад. Теъдоди фавту муроҷиаткунандаҳо одамро ба ҳайрат мегузорад. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд", - мегӯяд сокини пойтахти Туркманистон.

XS
SM
MD
LG