Ссылки доступа

Дар ғарби Украина ҳамаи гаравгонҳоро озод карданд


Ҳамаи гаравгонҳоеро, ки дар шаҳри Лутск, дар ғарби Украина гирифта шуда буданд, озод карданд. Дар ин бора вазири умури дохилии Украина 21 июл хабар дод.

Бино ба иттилои хабарнигори Настоящее Время, гаравгонҳо дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои махсус ба Автобус озод шудаанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский як соат пеш аз озодшавии гаравгонҳо видеоеро бо забони русӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва ба ҳама тавсия кард, ки филми "Земляне"-ро тамошо кунанд. Ин филми ҳуҷҷатӣ соли 2005 сабт шуда, нишон медиҳад, чи гуна одамон ҳайвонҳоро таҳқир мекунанд. Баъди озод шудани гаравгонҳо видео пок карда шуд. Сабти видео дар бораи филм яке аз талаботи марде буд, ки субҳи 21 июл мусофиронро дар автобус гаравгон гирифт.

Ӯ баъди нашри видео се гаравгон, кӯдаку зани ҳомила ва як зани калонсолро озод кард. Як муддат бо вай гуфтугӯҳо идома ёфт, вале неруҳои махсус дар ниҳоят ба автобус ҳамла карданд. Ҳамлагар боздошт ва ҳамаи гаравгонҳо озод карда шуданд.

Ба иттилои "Волинских новин", автобусро Максим Кривош, зодаи вилояти Дубно Ровенской ғасб карда буд, ки пештар доғи судӣ дорад. Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Украина, вай қаблан ду бор суд шудааст ва Пулиси миллии ин кишвар хабар дод, ки марди ҳамлагар дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ буд. Вале вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков баъди рафтан ба Лутск ин хабарро рад кард.

Захватчик автобуса в Луцке, фото – Нацполиция Украины
Захватчик автобуса в Луцке, фото – Нацполиция Украины

Дар робита ба гаравгонгирии мусофирони автобус парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қонунгузории Украина барои ин навъи ҷиноят аз 7 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

пештар хабар дода шуд, як марди мусаллаҳ дар шаҳри Лутски вилояти Ловин, дар ғарби Украина наздики 20 мусофири як автобусро гаравгон гирифтааст. Пулис он замон гуфт, гаравгонгир бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буда, маводи тарканда низ дорад.

XS
SM
MD
LG