Ссылки доступа

Қимати таҳсил дар донишгоҳу мактабҳои хусусии Тоҷикистон боло меравад


Интизор меравад, ки имсол қимати таҳсил дар бахшҳои шартномавии баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ва мактабҳои хусусӣ то 8 дарсад афзоиш ёбад.

Абдумаҷид Мӯъминзод, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарие гуфт, ки донишгоҳҳо ҳаққи феълии таҳсилро кам мешуморанд ва хостаанд, ки қимати таҳсили шартномавиро то 40 дарсад афзоиш диҳанд. Бар асоси муқаррарот, нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон вобаста ба талабот ба он ва хароҷоти муассиса муайян мешавад.

Мӯъминзод дар бораи меъёрҳои боло бурдани қимати таҳсил гуфт: “Дар ин маврид қарори ҳукумат таҳти рақами 210 ҳаст, ки бояд кадом меъёрҳо ба назар гирифта шавад. Ба ин дохил мешавад, тамоми хароҷотҳои соҳавӣ аз музди маош то нигаҳдории бино. Агар бархе муассисаҳои олии таълимӣ то 50 дарсад аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ шаванд, баъзеи дигар то 70 дарсад аз ҳисоби шартномаи таҳсили донишҷӯ пардохт мешавад. Бо назардошти ҳамаи таҳлилҳои худ нархномаи таҳсилро дар муассисаҳое ки аз бештар аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ, танҳо панҷ дарсад боло бурдем.”

Раиси хадамоти антимонополӣ гуфт, ҳеҷ муассисаи таълимӣ ҳақ надорад, бар хилофи нархномаи тасдиқкардаи онҳо, беасос қимати шартномаи таҳсил бо донишҷӯро боло барад. Соҳаи маорифи Тоҷикистон аз буҷаи ҳукумат маблағи зиёд дарёфт намекунад ва маоши муаллимҳо дар мактабу донишгоҳҳо барои зиндагии онҳо басанда нест. Як муаллими донишгоҳ дар пойтахт гуфт, ҳукумат ва мақомот беасос нархи шартномаро боло намебарад, чун медонанд, ки нархи бозор низ ҳамасола афзоиш меёбад.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт: “Бубинед ду сол пеш як халта орд чанд сомонӣ буд, ҳоло чанд сомонӣ шудааст. Омӯзгорон ҳам зиндагӣ доранд, аксари онҳо номзади илм ҳастанд ва бояд маоши хуб гиранд. Вақте аз ҳисоби буҷа пули кам ҷудо мешавад, муассиса маҷбур аст, нархи шартномаро боло барад, чун дар баробари хароҷоти иншоот, омӯзгорон бояд маош гиранд”.

Волидон мегӯянд, қимати таҳсил дар баъзе мактабҳои хусусӣ низ боло рафтааст. Писари Мавлуда Каримова, як сокини Душанбе дар мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳр таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, маъмурияти мактаб нимаҳои моҳи июн волидонро аз боло рафтани нархи шартномаи мактаб огоҳ кардаанд: “Солона 12500 сомонӣ месупоридем, гуфт, ки нархи шартномаи мактаб гарон шуд ва бояд 14500 сомонӣ супорем. Ва бояд 50 дарсади онро то моҳи сентябр пардохт кунем”.

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, то имрӯз ҳеҷ як донишгоҳ барои боло бурдани нархи шартномаи таҳсил ба вазорат муроҷиат накардааст. Таҳлилгарон мегӯянд нархи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳои кишвар дар муқоиса бо маоши сокинон хеле баланд аст ва бояд то 40 дар сад кам карда шавад.

Аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон дар як суҳбаташ гуфта буд, “бояд як сохтори махсусе аз кори донишгоҳҳо, тарзи харҷи маблағи шартнома дар муассисаҳои олӣ ва ҳам сиёсати нархгузорӣ назорат барад, ки то куҷо шаффофияти харҷи маблағҳо назорат шавад”.

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 2 ҳазор то 18 ҳазор сомонӣ ё муодили аз 200 то 2000 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Дар 40 мактаби олӣ ва касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд. Нархи шартномаи таҳсили донишгоҳҳо ҳам қариб ҳар сол ва ба андозаи то 10 дарсад боло бурда мешавад.

Бинобар гарон будани нархи шартномаи таҳсил ҷавонон талош мекунанд, то дар бахшҳои буҷавӣ ворид шаванду ройгон таҳсил кунанд. Бахшҳои буҷавӣ сад дар сад аз ҳисоби давлат таъмин мешаванд ва донишҷӯ маблағ намесупорад, аммо ҷой дар ин бахш хеле кам аст.

Бар асоси омори расмии Маркази миллии тестӣ аз ҳудуди 87 ҳазор ҷое ки барои қабули довталабон дар соли нави таҳсил ҷудо шудааст танҳо 19 ҳазор ҷой ройгон ваё дар риштаҳои буҷавӣ пешбинӣ шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳудуди 75 дар сади донишҷӯён тариқи шартнома таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG