Ҳукумати Ӯзбекистон як ҳафта пеш ваъда дода буд, ки ба камбуди дору хотима хоҳад дод, аммо ҳамоно вазъ дар бозори доруи он кишвар тағйир накардааст: дар дорухонаҳои Ӯзбекистон доруи зидди вируси корона намерасад.
Сокинони он кишвар мегӯянд, дар дорухонаҳо доруҳои зидди коронавирус пайдо намекунанд.
"Каготсел ва Арбидол дар дорухонаҳо нест. Эргоферону Плаквенил ҳам ноёфт шудаанд. Аммо агар "дуруст" ҷустуҷӯ кунед, пайдо кардан имкон дорад", - гуфт як сокини шаҳри Тошканди Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи вай, ҳоло бештари доруҳои зидди коронавирус дар "бозори сиёҳ" фурӯхта мешаванд.
Дар сомонаҳои интернетии марбут ба Ӯзбекистон эълонҳои фурӯши доруҳои зидди ин вирусро пайдо кардан мумкин аст.
Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфт, дар пайи як рейд чанд тане боздошт шудаанд, ки ба фурӯши доруҳои зидди вирус дар "бозори сиёҳ" машғул буданд.
Ӯзбекистон сар аз 18 июл содироти доруро муваққатан манъ кард.