Ссылки доступа

Помпео: ИМА барои муқобила бо нуфузи Чин эътилоф ташкил мекунад


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар сафараш ба Аврупо гуфт, ки Вашингтон мехоҳад, барои муқобила бо нуфузи Чин эътилофи байналхалқӣ ташкил кунад.

Помпео ҳамзамон Чинро дар истифодаи вабо барои ҳосил намудани аҳдофи худ айдор кард.

Котиби давлатии ИМА баъди гуфтугӯ бо сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Доминик Рааб рӯзи 21 июл ин изҳоротро кард.

Помпео аз ҳар кишваре, ки "озодиву демократияро дарк ва қадр мекунад", даъват намуд, ки хатари Чинро эътироф намояд. Котиби давлатии ИМА афзуд, гуфтугӯҳо бо сарвазири Бритониё "созанда" будаанд.

Ду ҷониб ба иловаи мавзуҳои дигар вазъи Ҳонконг, поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Шинҷони Чин ва густариши технологияи мобилии Чинро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG