Ссылки доступа

Вакили мудофеи қирғиз: баррасии парвандаи Батукаев дар додгоҳи шаҳрӣ ғайриқонунӣ аст


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 23 июл парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаевро ба баррасӣ мегирад.

Дар ин бора Замир Жоошев, вакили мудофеи президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар дод. Отамбоев яке аз айбдоршавандаҳои парвандаи мазкур аст.

Замир Жоошев гуфт, ки баррасии парванда дар додгоҳи шаҳрӣ хилофи қонунгузорӣ аст.

"Бино ба қонунгузорӣ, шикоят аз ҳукми зинаи поёнии додгоҳ бояд давоми 30 рӯзи баъди содир шудани ҳукм расонида шавад. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек дар мавриди парвандаи Батукаев рӯзи 23 июн ҳукм содир кард. Аз болои он ҳукм то 23 июл мешавад, шикоят бурд. Мо тасмим дорем, ки шикоят кунем. Аммо додгоҳ мунтазири шикоят вакилони мудофеи президенти пешин нашуда, парвандаро ба додгоҳи шаҳрӣ ирсол ва додгоҳ баррасиро таъйин кардааст", - гуфт Жоошев.

Додгоҳи зинаи поёнӣ дар Қирғизистон аз чаҳор айбдоршавандаи парвандаи озодсозии ғайриқонунии Азиз Батукаев аз зиндон, танҳо президенти пешин Алмосбек Отамбоевро маҳкум кард.

Отамбоем аз рӯи ин парванда 11 солу 2 моҳ зиндонӣ ва дороияш мусодира шуд. Додгоҳ ӯро аз унвонҳои давлатӣ низ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG