Ссылки доступа

Дар Тошканд 74 беморхона ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузашт


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон 74 беморхона ҳамакнун шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Дар ин бора Барно Одилова, раиси ситоди фаврии мубориза бо коронавирус рӯзи 21 июл хабар дод.

Вай гуфт, дар ҳар кадом беморхона минтақаҳои хурд таъсис шуда, масъулон таъйин ва вазифаҳояшон мушаххас гардидааст. Масъулон ба хонаи сокинон тамос мегиранд ва иттилоъ ҷамъ меоранд, беморонро дар марҳилаи аввал мушаххас месозанд ва ҳамчунин барои рафъи мушкил мусоидат мекунанд.

Дар ҳар кадоми ин беморхонаҳо маркази тамос таъсис шудааст. Ҳамзамон дастаҳои фаврии ин беморхонаҳо доруҳои заруриро ба беморон мерасонанд.

XS
SM
MD
LG