Ссылки доступа

Духтари 15-солаи афғон ду Толиб ва қотили волидонашро кушт (видео)


Соати яки шаб буд, ки гурӯҳе аз мардон дари хонаи гилине дар як русто дар маркази Афғонистонро кӯфтанд.

Қамаргули 15-сола аз тарс бедор шуд ва аз тарс бародари хурдашро бағал кард.

Волидонаш, ки дар утоқи дигар мехобиданд, бедор шуданду оҳиста назди дар рафтанд. Пушти дар Толибон меистоданд. Ин ифротиён ба модару падари Қамаргул амр доданд, ки дарро боз кунанд, вале посухи рад гирифтанд. Чанд дақиқа баъд ҷангҷӯёни мусаллаҳ дарро шикастанду ба хона ворид шуданд.

Қамаргул давоми ҳодисаро чунин нақл кард: “Модари пирамро берун карданду дар пеши чашми ман тирборон карданд. Баъдан падарамро берун кашиданду ӯро ҳам куштанд".

Баъди қатли волидонаш, Қамаргул ба утоқаш, ки онҷо автомати Калашников монда буданд, баргашту аслиҳа ба даст гирифт. Вақти Толибон баргаштанд, Қамаргул онҳоро тирборон кард, ду нафарашонро кушт ва яке дигарро захмӣ кард.

Ӯ дар суҳбати видеоӣ гуфт: “Ман маҷбур шудам, силоҳ ба даст бигирам, ду нафарашон кушта шуд”. Баъди онки ҳамсоягону дигар афроди мусаллаҳи тарафдори давлат ба маҳал шитофтаанд, бақияи ҷангҷӯёни Толиб гурехтаанд.

Қамаргул ва бародари 12-солаашро мақомоти расмӣ ба як маҳалли амн овардаанд, то аз дасти Толибон эмин бошанд. Ӯ мегӯяд, “Ман ифтихор мекунам, ки ҷангҷӯёни Толибро куштам. Ман то рехтани охирин қатраи хунам бо онҳо меҷангам.”

Ҳодиса рӯзи 16-уми июл дар ноҳияи Тайвора дар вилояти Ғӯр, як минтақаи кӯҳӣ ва дурафтодаи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Мақомот дар бораи он рӯзи 20-уми июл гузориш доданд.

Ин вилоят яке аз вилоятҳои қашшоқтарину ноороми Афғонистон аст. Нуфузи ҳукумат ҳам аз маркази вилоят шаҳри Фирӯзкуҳ фаротар намеравад. Қамаргул мегӯяд, азбаски падараш яке аз қабиласолорони тарафдори ҳукумат буд, барои ҳамин Толибон ӯро ҳадаф гирифтаанд.

Толибон пайваста онҳоеро, ки тарафдорони ҳукумат ва ҳамкорони нерӯҳои ҳукумат мешуморанд, ҳадаф мегиранд. Қамаргул аз ҳукумати Афғонистон мехоҳад, мардуми ғайринизомиро аз ин гуна ҳамлаҳои бедалелу густохонаи Толибон муҳофизат кунад.

Кумиссиёни Мустақили Ҳуқуқи Инсон дар Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки рӯзона дар кишвар ба ҳадди миёна 16 нафар кушта ва ё захмӣ мешавад. Ба гуфтаи кумиссиён, дар 6 моҳи гузашта дар Афғонистон 1213 ғайринизомӣ кушта шудаанд ва 1744 нафари дигарашон захм бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG