Ссылки доступа

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 646 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд


Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1646 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Дар маҷмуъ дар он кишвар 76 ҳазору 799 нафар ба вируси корона мубтало шудааст. Бештар аз 48 ҳазор кас шифо ёфта, 610 тан фавтидааст.

Коршиносон ба дурустии омори мақомоти Қазоқистон шубҳа доранд. Онҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки омори дуруст аз сӯи мақомот пинҳон карда мешавад.

XS
SM
MD
LG