Ссылки доступа

Занозании қазоқҳову узбекҳо дар ҷануби Қазоқистон


Дар занозании деҳаи Шорнаки наздикии шаҳри Кентауи вилояти Туркистони Қазоқистон 3 кас захмӣ шуд.

Дар ин бора аз раёсати тандурустии вилоят хабар доданд. Пулис гуфт, ки тафтиш шуруъ шуда, 4 танро бо гумони "авбошӣ" боздошт кардаанд.

Ба иттилои пулис, нахуст байни ду сокини деҳа ҷанҷол бархоста ва ба занозанӣ печидааст. Баъдтар афроди ношинос назди манзили ҷабрдида омада, хонаи ӯ ва ҳамсояҳояшро сангборон кардаанд. Дар натиҷа се кас захмӣ шудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки занозанӣ байни қазоқҳо ва узбекҳо рух додааст. Дар деҳаи Шорнак, ки 11 ҳазор аҳолӣ дорад, узбекҳову қазоқҳо дар якҷоягӣ зиндагӣ мекунанд. Пулис ҷанҷоли байниқавмиро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG