Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ин бора рӯзи 20 июл қарор содир намуд.
Кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон аз 600 тона орд, 250 тона марҷумак (гречка), 100 ҳазор литр равғани растанӣ ва 50 ҳазор қуттии шир иборат хоҳад буд.
Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон вазифадор шудааст, ки интиқоли кӯмаки башардӯстонаро ба Узбекистон таъмин кунад.