Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, барнома ба таъмини талаботи низоми тандурустӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри мубориза бо вабо равона шудааст. Дар бартарафсозии оқибатҳои вабои COVID-19 дар минтақа кӯмак расонида мешавад.
Барнома се марҳиларо дар бар мегирад, ки дар марҳилаи аввал масоил ва талаботи муҳимтарин қонеъ мешаванд ва дар мариҳаи дувум - замоне ки авҷи вабо пушти сар мешавад, таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарорсозӣ ва омодагӣ ба эҳтимоли мавҷи дувуми COVID-19 равона мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ чанд тадбире барои ҳимоят аз низоми тандурустӣ рӯи даст гирифта хоҳад шуд.
Барномаи дигари дусолае дар доираи "маҷмуи кӯмакҳои ҳамраъйӣ" барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо буҷаи 124 млн евро аз сӯи Иттиҳоди Аврупо моҳи ҷорӣ роҳандозӣ шуд.